Июн 09, 2017 15:52 Asia/Dushanbe
  • Имоми ҷумъаи Теҳрон: Миллати Эрон аз террор ҳарос надорад

Имоми ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҳаводиси террористии ахир гуфт, миллати Эрон аз террор ҳаросе надорад ва ҳамчунон муқовим аст.

Оятуллоҳ Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи имрӯзи Теҳрон ҳаводиси террористиро сохтаи дунёи истикбор дониста гуфт, душманон аз тариқи салафиҳо ал-Қоида, Толибон ва ДИИШ-ро поягузорӣ карданд. Имоми ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, имрӯз ҷавонони Эрон аз иқтидори бештар ва биниши исломӣ бархурдоранд ва ин террорҳо ҳеҷ зарбае ворид нахоҳад кард. Ҳуҷҷат-ул-Ислом Сиддиқӣ гуфт, миллати Эрон ҳамчунон муқовим аст ва ҳаргиз дар муқобили истикбори ҷаҳонӣ ва Амрико ақибнишинӣ нахоҳад кард. Имоми ҷумъаи Теҳрон аз нерӯҳои интизомӣ, амниятӣ ва Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон ба хотири саркӯби террористҳо бо камтарин ҳазина ташаккур кард.

Ҳуҷҷат-ул-Ислом Сиддиқӣ дар идома ба вижагиҳои шахсияти ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) ишора карда гуфт, ҳазрати Имом Хумайнӣ бо боландагӣ дар муқобили ҷараёнҳои илҳодӣ то дандон мусаллаҳ истод. Хатиби ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин Инқилоби Исломии Эронро инқилоби ҷаҳонӣ ва вижаи мустазъафони ҷаҳон тавсиф кард.