Июн 09, 2017 17:11 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли гумонбарони ҳамшарик дар ҳамалоти Теҳрон ба Вазорати иттилооти Эрон

Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо судури иттилоияе эълом кард, боздоштшудагон дар робита ба ҳамалоти террористии ахири Теҳрон дар ихтиёри Вазорати иттилооти ин кишвар ҳастанд.

Вазорати кишвари Эрон дар иттилоияе дар бораи амалиёти террористии рӯзи чаҳоршанбе (7 июн) дар Теҳрон эълом кард, нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Эрон дар маҳалли вуқӯи ин ҳамалот дар марқади мутаҳҳари ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) ва Маҷлиси Шӯрои Исломӣ нисбати чанд нафар шак карда, онҳоро боздошт намудаанд, ки ин афрод барои таҳқиқоти бештар дар ихтиёри Вазорати иттилоот қарор гирифтаанд. Бар асоси ин иттилоия, ҳанӯз иртиботи афроди боздоштшуда бо ҳамалоти террористии Теҳрон мушаххас нашудааст. Вазорати иттилооти Эрон низ дар иттилоияе эълом кард, нерӯҳои амниятӣ бо ҳамроҳии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва нерӯи интизомӣ муваффақ шуданд, аносири террористи муртабит бо иқдоми террористии рӯзи чаҳоршанбеи Теҳронро қабл аз ҳар гуна иқдом шиносоӣ ва дастгир кунанд. Бар асоси ин иттилоия, дар ин амалиёт миқдори қобили таваҷҷуҳи силоҳ, маводи пешсозаи бомб, камарбанди инфиҷорӣ, васоили иртиботӣ ва мадорики қалбакӣ кашф шуд. Ҳамчунин чанд хонаи террористҳои ваҳҳобӣ-такфирӣ дар шимолу ғарби кишвар шиносоӣ ва поксозӣ шуд. Вазорати иттилооти Эрон таъкид кардааст, ба зудӣ дар бораи натоиҷи муҳими ин амалиёти зиддитеррористӣ иттилоърасонӣ хоҳад кард.

Бар асоси охирин гузоришҳои дарёфтӣ аз мароҷеи дармонӣ ва додгоҳии Эрон, ду амалиёти террористии рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон то кунун 17 шаҳид ва 52 маҷрӯҳ бар ҷой гузоштааст.

 

Барчасп