Июн 09, 2017 19:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти террористии Теҳрон - интиқом аз демократия

Мақомҳои баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими видоъ бо пайкари шаҳидони амалиёти террористии Теҳрон таъкид карданд, муборизаи Эрон бо терроризм идома хоҳад ёфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи ин маросим дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва симо ба ҳузури густурдаи мардуми Эрон дар дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии ишора карда гуфт, ҳамвора вақте миллати Эрон пирӯзии бузурге ба даст меоварад, бадхоҳон ба дунболи ворид кардани зарбае ба ин кишвар ҳастанд. Рӯҳонӣ афзуд, амалиёти террористии рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон, дар воқеъ, интиқом аз демократия аст, зеро демократия асоси фикрии террористҳоро аз байн мебарад ва нишон медиҳад, хушунату зӯр роҳи ҳал нест. Оятуллоҳ Омулии Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон низ дар ин маросим гуфт, султагарон бо шиддат додан ба ноамнӣ дар минтақа қасд доштанд, амнияти Эронро ҳадаф қарор диҳанд, аммо ба ин ҳадаф нарсиданд ва бо ҳамин сабаб саъй мекунанд, бо иқдомоти террористӣ Эронро ноамн кунанд.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломи Эрон низ ҳамалоти террористии ахирро нишондиҳандаи тамаркузи террористҳо бар меҳварҳои аслии мардумсолории динии Эрон донист. Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ бо ишора ба нишасти ахири раисҷумҳури Амрико ва подшоҳи Арабистон изҳор дошт, кори Амрико ба ҷое расида, ки демократияро бо пул иваз мекунад ва ба ғорати амволи кишварҳо даст мезанад. Ӯ бо маҳкум кардани мусаввабаи ахири Сенати Амрико, ҳимояти он аз терроризм ва таҳрими Эрон низ гуфт, дар замоне ки миллати Эрон бо ҳаводиси террористӣ рӯ ба рӯ буданд, Сенати Амрико бо камоли бешармӣ ин қонунро ба тасвиб расонд. Сенати Амрико аз камтарин отифа ҳам бархурдор нест. Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт, имрӯз Эрон дар ҳоли мубориза бо ду ДИИШ аст, ки яке ДИИШ-и минтақаӣ ва дигаре ДИИШ-и байналмилалӣ, яъне Амрикост.

 

Барчасп