Боздошти 41 узви ДИИШ дар Эрон
(last modified 2017-06-09T16:21:50+00:00 )
Июн 09, 2017 21:21 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 41 узви ДИИШ дар Эрон

Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар иттилоияе аз боздошти 41 нафар аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Эрон хабар дод.

Дар ин иттилоия хотирнишон шудааст, дар пайи силсилаамалиёти печидаи амниятӣ ва ҳамкории мардум дар устонҳои Кирмоншоҳ, Курдистон, Озарбойҷони Ғарбӣ ва Теҳрон 41 нафар аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ қабл аз ҳар гуна иқдом шиносоӣ ва боздошт шуданд. Дар ин иттилоия омадааст, ин афрод ҳамроҳи миқдоре аз асноду таҷҳизоти амалиёти террористӣ боздошт шудаанд.

Ҳамалоти субҳи чаҳоршанбеи аносири вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар Теҳрон 17 шаҳид ва 52 захмӣ бар ҷой гузошт. Гурӯҳи террористии ДИИШ дар сол‎ҳои ахир бо ҳимоят‎ҳои молӣ ва низомии Амрико ва муттаҳидони ғарбию арабии ин кишвар, аз ҷумла Арабистон ҷиноёти фаровонеро дар кишварҳои минтақа, бавижа Ироқу Сурия муртакиб шудааст.

 

Барчасп