Июн 11, 2017 17:10 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Ҷаҳониён аз маншаи терроризм дар ҷаҳон огоҳ ҳастанд

Муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилали вазири хориҷаи Эрон гуфт: Ҷаҳониён ба маншаи терроризм ва парвариши гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа ва инки Эрон чигуна бо терроризм мубориза карда ва чи қурбониёнеро дар ин масир тақдим кардааст, пай бурдаанд.

Аббоси Ироқчӣ, муовини вазири хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар бораи иддаоҳои мақомоти Амрико мабнӣ бар ҳимояти Эрон аз терроризм ва тасвиби тарҳи таҳримҳои ҷадиди зидди Эрон дар Сенати Амрико афзуд: Тасвиби чунин тарҳе нишондиҳандаи сардаргумӣ ва сиёсатҳои ғалати Амрико ва ношӣ аз бардоштҳои нодуруст аз масоили минтақа аст .

Муовини вазири хориҷаи Эрон ва раиси эронии пайгирии барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) бо баёни инки Комиссияи муштараки БАРҶОМ дар июли 2017 баргузор мешавад, изҳор кард: Нафаси мусаввабаи ахири сенати Амрико мухолифи асли ҳусни ният ва иҷрои муваффақиятомези БАРҶОМ аст .

Аббоси Ироқчӣ, мавзеи Конгресси Амрико дар маҳкумияти Эрон ба ҳимоят аз терроризмро ҳам шармовар донисту хотирнишон кард: Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба ҳамалоти террористии ҳафтуми июн дар Теҳрон нишон додааст, ки ҷаҳониён ин масъаларо дарк кардаанд, ки чи касе қурбонии терроризм ва чи касоне ҳомии терроризм ҳастанд .

Муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилали вазири хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки Эрон дар минтақа ба муборизаи муқтадирона бо терроризм идома медиҳад, гуфт: Ингуна иқдомот ба ҳеч ваҷҳ наметавонад дар иродаи мардуми Эрон дар муқобила бо терроризм халале эҷод кунад .

 

Барчасп