Мунташир шудани асноди Амрико дар бораи Эрон баъд аз 64 сол
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i18768-Мунташир_шудани_асноди_Амрико_дар_бораи_Эрон_баъд_аз_64_сол
Вазорати умури хориҷии Амрико пас аз муддатҳо асноди марбут ба табаддулоти августи соли 1953 дар Эронро аз табақабандии маҳрамона хориҷ ва мунташир кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 16, 2017 13:45 Asia/Dushanbe
  • Мунташир шудани асноди Амрико дар бораи Эрон баъд аз 64 сол

Вазорати умури хориҷии Амрико пас аз муддатҳо асноди марбут ба табаддулоти августи соли 1953 дар Эронро аз табақабандии маҳрамона хориҷ ва мунташир кард.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Вазорати умури хориҷии Амрико, ин аснод нишон медиҳад, Амрико мустақиман дар канор задани нахуствазири вақти Эрон Муҳаммад Мусаддиқ ва ҳукумати ӯ ифои нақш кардааст. Бар асоси асноди мунташиршуда, Вашингтон барои сарнагун кардани ҳукумати Мусаддиқ барномарезӣ дошта, табаддулотро мустақиман мудирият кардааст. Нақши мустақими Амрико дар табаддулоти августи соли 1953 ё 28-уми мурдоди соли 1332-и ҳиҷрии хуршедӣ пеш аз ин ҳам дар асноди дигаре ташреҳ шуда буд, аммо асноди тоза мунташиршуда ҳовии ҷузиёти бештар аст.

Табаддулоти  августи соли 1953, ки бахше аз силсилаи дахолатҳои Амрико ва Англия дар умури дохилии Эрон дар замони миллӣ шудани саноати нафт дар Эрон аст, замоне рӯй дод, ки Додгоҳи байналамилалии Гаага дар мавзӯи қарордодҳои нафтии Англия ва Эрон ба нафъи Эрон раъй дода буд. Ин кудатои амрикоӣ-англисӣ, ки ба суқути ҳукумати қонунии вақти Эрон мунҷар шуд, ёдовари замони ҳассосе аз таърихи сиёсии Эрон пеш аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ аст.