Барномаи мушакии Эрон комилан машрӯъ аст
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба тасвиби таҳримҳои ғайриҳастаии ҷадид алайҳи Эрон дар Санои Амрико таъкид кард, барномаҳои дифои- мушакии Эрон комилан машрӯъ аст ва ҳеч иқдоме қодир нахоҳад буд Эронро аз ҳаққи дифои машрӯи худ манъ кунад.
Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ гуфт, тасвиби қонуни ҷадиди марбут ба таҳримҳои ғайриҳастаӣ алайҳи Эрон дар Санои Амрико бо тавваҷуҳ ба амалкарду савобиқи ин маҷлис дар зиддияту душманӣ бо миллати шарифи Эрон ғайриқобили пешбинӣ набудаву идомаи хусуматҳои зотии Амрико бо Ҷумҳурии исломии Эрон аст.
Вай афзуд, давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар асоси Барҷом, ки як санади байналмилалӣ аст, тааҳҳудоте дорад, ки бояд онҳоро ба таври комилу бо ҳусни ният анҷом диҳад.
Қосимӣ таъкид кард, ҳамон гуна ки Ҷумҳурии исломии Эрон то кунун дақиқан ба тааҳҳудоти худ амал кардаву Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ борҳо ба он эътироф доштааст, ҳамаи тарафҳои Барҷом муваззафу мутааҳҳиданд ба таври комил ба тааҳҳудоти худ амал кунанд.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон изофа кард, он чӣ ки дар хусуси нерӯҳои низомӣ ва тавонмандиҳои мушакии Эрон дар тарҳи Санои Амрико матраҳ шуда, комилан номуваҷҷаҳу ғайриқонунӣ аст ва таъкид мекунем, барномаҳои дифоӣ-мушакии Ҷумҳурии исломии Эрон комилан машрӯъ асту ҳатто бо қатъномаи 2231-и Шӯрои амният муғоирате надорад.
Маҷлиси Санои Амрико шомгоҳи панҷшанбе ба вақти Теҳрон, тарҳи таҳримҳои ҷадид алайҳи Эронро бо аксарияти оро тасвиб кард.
98 сенатор ба ин тарҳ раъйи мусбат ва 2 сенатор раъйи манфӣ доданд.