Июн 17, 2017 15:17 Asia/Dushanbe
  • Такрори иддаоҳои зидди эронии вазири хориҷаи  Арабистон

Вазири хориҷаи Арабистон бори дигар иддаоҳои беасоси худро дар бораи ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз терроризм такрор кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Садо ва симои Эрн, Одил Ал Ҷубайр, вазири хориҷаи Арабистон, рӯзи ҷумъа бо такрори иддаои худ дар бораи ҳимояти Эрон аз терроризм муддаӣ шуд, Эрон бо истифода аз Сипоҳи посдорони инқилоб исломӣ, терроризмро дар минтақа густариш медиҳад.

Вазири хориҷаи Арабистон иддао кард, Эрон бояд ба ҳимоят аз терроризм ва тадовуми сиёсати тоифагароӣ дар минтақа поён диҳад.

Иддаоҳои мақомоти Саудӣ зидди Эрон дар ҳоле аст, ки ин кишвар ба унвони манбаи тафаккури такфирӣ- ваҳобӣ ба эътирофи кишварҳои мухталифи ҷаҳон, нақши муҳимме дар густариши ҷараёнҳои террористӣ дар минтақа ва ҷаҳон дорад.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон, пештар дар вокуниш ба иддаои масъулони Саудӣ зидди Эрон, гуфт, решаи терроризм дар минтақа, андешаҳои ифротии рушд ёфта дар Арабистони Саудӣ аст, ки имрӯз ба шакли гурӯҳҳои мухталифи террористӣ, балои ҷони мардуми минтақа ва ҷаҳон шудааст.

 

 

Барчасп