Июн 17, 2017 17:25 Asia/Dushanbe
  • Размоиши муштараки дарёии Эрон ва Чин

Нерӯи дарёии Артиши Эрон ва нерӯи дарёии артиши Чин фардо (якшанбе) дар обҳои тангаи Ҳурмуз ва дарёи Уммон (ҷануби Эрон), размоиши муштарак баргузор мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, размоиши муштараки новҳои ҷангии Эрон ва чин дар обҳои ҳавзаи шарқи тангиа Ҳурмуз то шимоли Уқёнуси Ҳинд, баргузор хоҳад шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин тамрини муштараки низомӣ, табодули таҷрибаҳо байни неруи дарёии артиши Эрон ва неруи дарёии артиши чин ва таъмини амният ва ҳифозат аз обҳои ҳавзаи Уқёнуси Ҳинд эълом шудааст.

Новгурӯҳи неруи дарёии артиши Чин муташаккил аз ду новшикан, як нови пуштибонӣ ба ҳамроҳи як болгард, рӯзи панҷшанбе дар минтақаи якуми неруи дарёии артиши Эрон, дар Бандараббос паҳлу гирифт.

Новгурӯҳи Чин дуввумин бор аст, ки дар Бандараббос паҳлу мегирад. Пештар сентябри 2014 новгурӯҳи 17-ум неруи дарёии артиши Чин дар  Бандараббос паҳлу гирифта буд.

 

Барчасп