Июн 19, 2017 09:21 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоб: Миллати Эрон ба душманон силӣ хоҳад зад

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори ҷамъе аз хонаводаҳои шаҳидон ва марзбони эронӣ таъкид карданд, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иқтидор истодааст ва миллати Эрон ба душманон силӣ хоҳад зад.

Ба гузориши Пойгоҳи иттилорасонии дафтари мақоми муъаззами Раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ шаби гузашта дар ин дидор, суханони ахири мақомоти амрикоӣ бино бар талош барои тағйири низоми исломиро газофа хонданд ва гуфтанд, давлатмардони амрикоӣ аз ибтидои пирӯзии Инқилоб ҳамвора ба дунболи тағйири низоми Ҷумҳурӣ исломӣ будаанд, аммо нахоҳанд тавонист ба миллати Эрон силӣ бизананд, балки ин миллат аст, ки ба онҳо силӣ хоҳад зад.

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба бақои низоми исломӣ бо вуҷӯди мувоҷиҳа бо душманиҳои сахт тасреҳ карданд, газофагӯиҳои раиси ҷумҳурии Амрико мавзӯи ҷадиде нест, зеро низоми исломӣ аз ибтидо бо тавтеаҳои гӯногӯне мувоҷеҳ будааст, аммо бадхоҳони миллати Эрон ҳеч ғалате натавонистаанд бикунанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ мақомоти ҷадиди Кохи Сафедро бе таҷруба ва тозакор хонданд ва афзуданд, сардамдорони Амрико, аз ибтидои пирӯзии Инқилоби исломӣ дар талош барои соқит кардани низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон буданд, аммо касоне, ки чунин ҳасрате доштанд ин орзӯро ба гӯр бурданд, аз ин пас низ ҳамин гӯна хоҳад буд.

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ, амнияти кунӯнии Эронро марҳӯни мудофеъони Ҳарам ( дар Сурия ва Ироқ ) ва мудофеъони марзҳои Эрон донистанд ва дар таҷлил аз нақши шаҳидони мудофеи Ҳарам гуфтанд, агар шаҳидони мудофеи Ҳарам набуданд, имрӯз бояд бо «аносури фитна‌гар, хабис ва душмани аҳли‌байт(ъ)» дар шаҳрҳои Эрон ме‌ҷангидем, зеро онон қасд доштанд аз марзҳои Ироқ вориди Эрон шаванд, аммо ҷилави онҳо гирифта шуд ва тору мор шуданд, акнӯн низ дар Ироқу Сурия ба таври комил дар ҳоли решакан шудан ҳастанд.

 

Барчасп