Cилии мушакии Эрон ба террористҳои ДИИШ дар Дайр-уз-Зӯри Сурия
(last modified Mon, 19 Jun 2017 09:13:32 GMT )
Июн 19, 2017 14:13 Asia/Dushanbe
  • Cилии мушакии Эрон ба террористҳои ДИИШ дар Дайр-уз-Зӯри Сурия

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар вокуниш ба ҳамалоти террористии ҳафтуми июн дар Теҳрон, якшанбешаб мақарри фармондеҳии террористҳои такфирии ДИИШ дар Дайр-уз-Зӯр, шарқи Сурияро бо шаш мушаки миёнбурди “замин ба замин” ҳадаф қарор дод.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон эълом кард, ин мушакҳо бо убур аз осмони Ироқ ва тай кардани масире 650 километрӣ, ба таври дақиқ ба аҳдофи таъйиншуда дар Дайр-уз-Зӯри Сурия исобат кард.

12 рӯз пас аз ҳамалоти террористии афроди ДИИШ дар Теҳрон, ки ба шаҳид шудани 18 нафару захмӣ шудани 52 шаҳрванди эронӣ мунҷар шуд, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо намоиши қудрати низомии Эрон, ба ҷинояти террористҳо дар Теҳрон посух дод.

Тавони иизомӣ ва дифоии Эрон, ба вижа дар арсаи мушакӣ намоди қудрати дифоӣ ва боздорандагии Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки дар мавқеиятҳои роҳбурдӣ, нақшофаринии муассир мекунад. Дар ҳамин замина, рӯзномаи амрикоии “Ню-Йорк таймс” дар шумораи рӯзи душанбеи худ дар таҳлили ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба мақарри террористҳо дар Дайр-уз-Зӯр навишт: “ин ҳамла нишонае аз рушди қудрати низомии Эрон дар минтақа будаву ҳамзамон дорои паём ба Арабистон, Исроил ва ба вижа амрикоиҳо аст, ки чанд пойгоҳи низомӣ дар минтақа доранд”.

Қудрати мушакӣ ва тавони низомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, душманон, ба вижа Амрикову ҳомиёнаш, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва режими Исроилро водоштааст ба баҳонаҳои мухталиф иттиҳомҳое зидди Эрон матраҳ кунанд. Аз ҷумлаи ин иттиҳомҳо, иддаои ҳимояти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз терроризм дар Сурияву Ироқ аст. Иддаои ҳимояти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз терроризм, танзи сиёсӣ аст, чаро ки ин ниҳоди мардумӣ дар ҳоли кӯмак ба мардуми Сурияву Ироқ дар ҷанг бо терроризми мавриди ҳимояти Амрико ва Арабистони Саудӣ аст.

Ҳадаф қарор гирифтани мақарри аслии диишиҳо дар Дайр-уз-Зӯр нишон аз нақши барҷастаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҷанг бо терроризми мавриди ҳимояти Амрико, Арабистони Саудӣ ва режими Исроил дорад.

Таҳаррукоти Амрико ва ҳомиёнаш зидди ДИИШ, ки ҳамзамон Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ба бовари худ муттаҳам ба ҳимоят аз терроризм мекунанд, дар чорчӯби мубориза бо ин падидаи шум маънӣ намешаваду баракс ДИИШ-ро дар Сурияву Ироқ бо ҳадафи таҳаққуқи аҳдофи истеъмории худ мудирият мекунанд.

Дар ҳамин замина, Билл Ван Аукен, коршиноси масоили сиёсӣ дар пойгоҳи интернетии андешакадаи “глобал Серч” навиштааст, мудохилаи низомии Амрико дар Ироқу Сурия барои нобудии ДИИШ нест. Зеро ДИИШ худ маҳсули ишғоли Ироқ дар соли 2003 аст ва дар идома ба унвони нерӯи ниёбатӣ дар майдон аз сӯйи Амрико барои тағйири режим дар Либия ва Сурия мавриди истифода қарор гирифт.

Дар чунин шароите ҳамлаи муваффақиятомези мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба мақарри террористҳои ДИИШ дар Дайр-уз-Зур нишон медиҳад, Эрон дар мубориза бо терроризм ҷиддӣ будаву ин ҳамла марҳалаи ҷадиде дар ин фароянд эҷод кардааст. Ҳамчунин мавзӯи муҳиме ки дар таҳлили ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба мақарри террористҳо дар хоки Сурия бояд мавриди тавваҷуҳ бошад, ин аст ки ин ҳамла бо ҳамоҳангӣ ва иҷозаи давлати қонунии ин кишвар анҷом шудаву дар чорчӯби қавонини байналмилалӣ қарор дорад. Ҳамлаи мустақими мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба мақарри фармондеҳони террористҳо дар Дайр-уз-Зӯр ба таври куллӣ дар чорчӯби дифоъ аз амнияти Ҷумҳурии исломии Эрон анҷом шудааст.