Як чинӣ дар Эрон мусалмон шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i18972-Як_чинӣ_дар_Эрон_мусалмон_шуд
Як ҷавони чинӣ дар ҷазираи Қишм, ҷануби Эрон бо адои калимаи шаҳодат ба дини мубин Ислом гаравид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 20, 2017 11:32 Asia/Dushanbe
  • Як чинӣ дар Эрон мусалмон шуд

Як ҷавони чинӣ дар ҷазираи Қишм, ҷануби Эрон бо адои калимаи шаҳодат ба дини мубин Ислом гаравид.

Ба гузориши ИРНА, ин ҷавони чинӣ, ки Ҷи Янк ном дорад ва чандест, дар ҷазираи Қишм зиндагӣ мекунад, пас аз таҳқиқ дар бораи Ислом ҳамзамон бо айёми моҳи мубораки Рамазон ба Худованди якто ва Паёмбари Ислом (с) имон овард.

Ҷи Янк пас аз ташрифоти шаръӣ ва интихоби номи Амиралӣ ба дини Ислом мушарраф шуд. Ин ҷавони чинӣ далели мусалмон шудани худро одобу ахлоқи ҳамидаи пайравони дини Ислом унвон кард ва аз Эрон ба унвони кишваре бо тамаддуни куҳан ном бурд, ки миллати он беҳтарин динро баргузидааст. Пештар низ як бонуи камерунӣ дар сафаре ба ҷазираи Қишм бо ҳузур дар дафтари имоми ҷумъаи ин шаҳристон пас аз интихоби номи Фотима ва анҷоми ташрифоти шаръӣ мусалмон шуда буд.