Июн 23, 2017 14:54 Asia/Dushanbe
  • Фарёди “Марг бар Исроил!”-и миллати Эрон дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Мардуми Эрон бо ҳузури бошукӯҳу густурдаи худ дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс бо шиори “Марг бар Исроил ва марг бар истикбор!” безории худро аз золимони ҷаҳон эълом карданд.

Миллати Эрон имрӯз, дар охирин ҷумъаи моҳи Рамазон ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар саросари Эрон ва бо шиорҳои «Рӯзи ҷаҳонии Қудс - рамзи ваҳдат ва ҷиҳоди уммати исломӣ”, “Ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин”, “Заволи қатъии режими саҳюнистӣ» фарёди “Марг бар Исроил ва марг бар Амрико!” сар доданд. Роҳпаймоён бо дар даст доштани овезаҳо ва навиштаҳое ишғолгариҳои режими саҳюнистиро маҳкум ва бо ормони озодии Қудси шариф таҷдиди аҳд карданд. Ақаллиятҳои мазҳабӣ ҳам бо ширкат дар маросими Рӯзи ҷаҳонии Қудс ба унвони намоди зулмситезӣ ҷиноёти зиддибашарии режими ишғолгари Қудсро маҳкум карданд.

Дар тазоҳуроти Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Теҳрон раисони  се қувва, мақомоти кишварӣ ва лашкари ҷумҳурии исломӣ ҳамгом бо миллати Эрон фарёди ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин сар доданд. Қатъномаи роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳони Қудс дар поёни ин маросим қироат хоҳад шуд.

Роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс ҳамзамон бо Эрон дар дигар кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор мешавад.

 

Барчасп