Лориҷонӣ: Режими саҳюнистӣ модари терроризм дар ҷаҳон аст
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт, дар ҳофизаи қарни ахир падидае шумтар аз таъсиси режими саҳюнистӣ вуҷуд надорад, зеро дар эҷоду шаклдиҳии он ҷиноёти бесобиқа дар таърих анҷом шудааст.
Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар суханоне пеш аз хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон масъалаи ҳимоят аз Фаластинро як вазифаи исломӣ дониста афзуд, ҳадафи Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар номгузории Рӯзи Қудс бедории миллатҳои мусалмон ва ғафлат накардан аз вазифаҳои муҳими исломӣ будааст. Лориҷонӣ гуфт, таъсиси режими саҳюнистӣ нуқтаи оғози ноамнии густурда дар Ховари Миёна буда, имрӯз дасти ин режим дар ҳимоят аз террористҳо ошкор шуда ва бештари кишварҳои исломиро даргир кардааст. Раиси парлумони Эрон тасреҳ кард, мусалмонони ҷаҳон бо падидаи табаҳкоре ба номи саҳюнизм мувоҷеҳ ҳастанд, ки қудратҳои бузург дар эҷоди он саҳим будаанд, то мусалмононро даргир кунанд. Ӯ падидаи саҳюнизмро як падидаи шайтонии тавсеагаро дар сатҳи байналмилалӣ дониста хотирнишон кард, тавсеаталабии ин режим ихтисос ба минтақаи Ховари Миёна надорад, зеро намояндаи парлумони режими саҳюнистӣ эълом кардааст, ки марзҳои Исроил дар Ғарб ба Швейтсария ва дар Шарқ ба хоки Ироқ мерасад.
Раиси ниҳоди қуонунгузори Эрон дар идома бо радди иддаои собиқаи таърихии сарзамини Фаластин аз сӯйи яҳудиён изҳор кард, сарзамини Фаластин ва Қудс хостгоҳи паёмбарону ваҳй буда, барои ҳама мусалмонон ва пайравони ҳамаи динҳо муқаддас аст. Раиси парлумони Эрон ҳамчунин ДИИШ-ро баргирифта аз терроризми саҳиюнистӣ дониста гуфт, ҳимоятҳои Амрико аз режими саҳюнистӣ ба маънои тарафдорӣ аз модари террористҳост.
Роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс имрӯз, ҷумъа, 23 июни соли 2017 ба унвони охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон дар саросари Эрон баргузор шуд.