Июн 24, 2017 14:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши байналмилалии

Ҳамоиши байналмилалии "Мероси Рамазон дар Хуросон, Афғонистон ва Тоҷикистон" сентябри соли ҷорӣ дар Турбати Ҷом, воқеъ дар Хуросони Разавӣ баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои маркази Хуросони Разавӣ, раиси Идораи мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии шаҳристони Турбати Ҷом гуфт, ҳамоиши байналмилалии “Мероси Рамазон дар Хуросон, Афғонистон ва Тоҷикистон” ба ҳиммати Анҷумани адабии “Ҷоми ҷаҳонбин”-и Турбати Ҷом ва бо ҳамкории Анҷумани адабии “Ҳофиз”-и Хуҷанди Тоҷикистон 6-уми сентябр дар Турбати Ҷом баргузор мешавад.

Абдураҳим Тоҷмуҳаммад афзуд, фарохони мақолам ин ҳамоиш аз сӯйи Анҷумани адабии “Ҷоми ҷаҳонбин” бо ҳамкории гурӯҳи Эроншиносӣ ва Анҷумани илмии Эроншиносии Донишгоҳи Теҳрон эълом шудааст ва алоқамандон то 16-уми август фурсат доранд осори худро ба адреси [email protected] ирсол кунанд.

Вай афзуд, ойинҳои рамазонӣ, шомили пешвоз ва видоъ бо Рамазон, маросими кулӯхандозон, саргармиҳои моҳи рӯза, идгаштак, ташхиси вақти ифтор ва саҳар, суннат саҳархонӣ ё шабхонӣ дар моҳи Рамазон, одобу русуми иди Фитр ва шабҳои Қадр, Рамазон ва адабиёт бо нигоҳ ба рӯйкардҳои моҳи Рамазон ва иди Фитр дар шеър ва достон дар давраҳои таърихӣ ва муосир, Рамазон дар нигоҳи орифон ва муаррихон, баррасии адабиёти омиёна дар моҳи Рамазон ва иди Фитр ва фарҳанги ғизо дар моҳи Рамазон ва назриҳову вақфиёти Рамазон аз меҳварҳои ин ҳамоиш аст.

Турбати Ҷом аз шимол ба Сарахс, аз ғарб ба шаҳристонҳои Фаримон, Машҳад ва Турбати Ҳайдария, аз ҷануб ба шаҳристони Тойбод ва аз шарқ ба Афғонистон ва Туркманистон маҳдуд мешавад.