Июн 24, 2017 17:09 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби баргузории роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар расонаҳои ҷаҳон

Ҳузури густардаи миллати Эрон дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс бозтоби густардае дар расонаҳои мухталифи ҷаҳон дошт.

Ассошиатед Пресс, рӯзи ҷумъа бо изъон ба ҳузури густардаи мардуми Эрон дар маросими Рӯзи ҷаҳонии Қудс гузориш дод: Роҳпаймоии зидди исроилӣ дар саросари Эрон бо сар додани шиорҳое алайҳи ишғоли сарзамини Фаластин баргузор шуд.

Хабаргузории Фаронса ҳам бо бозтоби роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Эрон навишт: Мардуми Эрон дар роҳпаймоиҳои саросарии рӯзи Қудс, алайҳи Исроил ва режими Оли Сауд шиор сар доданд .

Хабаргузории Ройтерс низ гузориш дод: Садҳо ҳазор эронӣ бо шиори марг бар Исроил дар саросари Эрон дар роҳпаймоии рӯзи Қудс ширкат карданд .

Хабаргузории Синхуа ҳам эълом кард: Эрониён бо шиорҳои марг бар Амрико ва марг бар Исроил ҳимояти худро аз мардуми Фаластин эълом карданд .

Торнамои Енгиш Ниюз ва Чайна Ург, дигар расонаҳои чинӣ ҳам эълом карданд: Мардуми Эрон дар рӯзи Қудс нишон доданд, ҳамчунон ба ормонҳои ҷумҳурии исломӣ дар ҳаросат аз Фаластин пойбанд ҳастанд .

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс низ навишт: Тазоҳуроти зидди исроилии эрониён бо шиори марг бар Исроил ба ҳамроҳи намоиши бархе аз мушакҳои эронӣ баргузор шуд ва мардуми Эрон дар ин роҳпаймоӣ хостори поён ёфтани ишғолгарии Исроил шуданд .

Хабаргузории Тренди ҷумҳурии Озарбойҷон ҳам гузориш дод: Эрониён бо шиорҳои марг бар Исроил аз мардуми Фаластин ҳимоят карданд .

Рӯзномаҳои саҳюнистии Таймс Ов, Ерусалим Пост ва Ҳааретс низ навиштанд: Эрониҳо бори дигар ҳамзамон бо охирин ҷумъаи моҳи Рамазон ба хиёбонҳо омаданд ва шиорҳои зидди исроилӣ сар доданд .

Тасовири мушакҳои баллистики Эрон, ки рӯзи якшанбеи гузашта (18 июни ҷорӣ) ба самти мақарри гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия шиллик шуданд ҳам дар саҳифаи нахусти рӯзномаи саҳюнистии Ҳааретс нақш баст.

Рӯзномаи мисрии Алдастур дар бораи рӯзи Қудс дар Эрон навишт: Мардуми саросари Эрон бо шиорҳои марг бар Амрико ва марг бар Исроил дар маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс ширкат карданд .

Хабаргузории арабзабони Бейрут Пресс низ навишт: Миллати Эрон бо ширкат дар роҳпаймоии рӯзи Қудс ҷиноятҳои режими саҳюнистиро маҳкум ва аз муқовимат ва муборизаи миллати Фаластин ва озодсозии Қудс ҳимоят карданд .

Хабаргузории расмии Сурия ҳам гузориш дод: Роҳпаймоёни эронӣ дар рӯзи ҷаҳонии Қудс, зимни маҳкум кардани ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ аз миллати Фаластин ва озодии Қудс ҳимоят карданд .

Шабакаи Алманор ҳам дар гузорише эълом кард: Мардум дар Эрон рӯзи ҷумъа бо сар додани шиорҳои марг бар Исроил ва марг бар Амрико, ҷиноятҳои террористҳо ва режими саҳюнистиро маҳкум карданд .

Шабакаи хабарии Алмаёдин низ гузориш дод: Мардуми Эрон ба таври густарда дар роҳпаймоии рӯзи Қудс ширкат карданд ва бо оташ задани парчами Амрикову Исроил, шиорҳое алайҳи Оли Сауд сар доданд .

 

Барчасп