Июн 26, 2017 16:06 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими волейболи ҷавонони Эрон дар муқобили тими Аргентина дар қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон

Тими миллии волейболи ҷавонони Эрон бо пирӯзӣ бар тими волейболи ҷавонони Аргентина роҳии марҳалаи дуввуми рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар ҷумҳурии Чехия шуд.

Ба гузориши Ирно, тими миллии волейболи ҷавонони Эрон якшанбе шаб дар як бозии сахту душвор бо натиҷаи 3 бар 2, тими волейболи ҷавонони Аргентинаро шикаст дод ва дар садри гурӯҳи сеюми ин мусобиқот қарор гирифт .

Тими миллии волейболи ҷавонони Эрон дар даври муқаддамотии ин рақобатҳо дар гурӯҳи сеюм бо тимҳои Италия, Аргентина ва Украина ҳамгурӯҳ буд .

Волейболистҳои ҷавони Эрон дар ду дидори гузаштаи худ дар ин рақобатҳо, тимҳои Украина ва Италияро шикаст дода буд .

Нуздаҳумин давраи Мусобиқоти волейболи қаҳрамонии ҷавонони зери 21 соли ҷаҳон бо ҳузури 16 тими бартари ҷаҳон ба мизбонии ҷумҳурии Чехия дар ҳоли баргузорӣ аст.

 

Барчасп