Cолгарди инфиҷори террористии ҳафтуми тир дар Теҳрон
Имрӯз (чаҳоршанбе) ҳафтуми тири 1396-и ҳиҷрии шамсӣ, баробар бо 28-уми июни соли 2017 сивуҳафтумин Солрӯзи инфиҷори террористӣ дар дафтари пешини Ҳизби ҷумҳурии исломӣ дар Теҳрон аст.
27-уми июни соли 1981 (ҳафтум тири 1360) бар асари инфиҷори бомби қавӣ дар салони иҷтимооти Ҳизби ҷумҳурии исломӣ дар Теҳрон, Оятуллоҳ Муҳаммадҳусайни Биҳиштӣ, раиси Девони олии кишвар ҳамроҳ бо 72 нафар аз шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабии Эрон (чаҳор вазир, 12 муовини вазир ва ҳудуди 30 намояндаи маҷлис) ба дасти афроди гурӯҳаки террористии Мунофиқин шаҳид шуданд.
Амалиёти террористии ҳафтуми тир танҳо яке аз иқдомоти гурӯҳаки террористии Мунофиқин дар солҳои аввалияи пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон аст, ки дуруст як рӯз пас аз суиқасд ба ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, (Раҳбари муаззами инқилоби исломи) дар масҷиди Абузари Теҳрон ба вуқӯъ пайваст.
Дар июни соли 1981 ва 1987 фоҷеаҳои террористӣ бо ҳимояти Амрико дар Эрон иттифоқ афтод, ки бо тавсияи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳафтаҳое ба номи ифшои ҳуқуқи башари амрикоӣ барномарезӣ шуд.
Ҳимоят аз бомбаборони кимиёии Саридашт аз сӯи режими баъси Ироқ ва шиллики мустақими мушак ба ҳавопаймои мусофирбари Эрон тавассути нови амрикоӣ, ки дар натиҷаи он 290 сарнишини он ба шаҳодат расиданд, аз дигар иқдомоти зиддибашарии Амрико алайҳи Эрон аст.
Пас аз ҳамлаи Амрико ба Ироқ ва суқути режими Саддом низ аносири гурӯҳаки террористии Мунофиқин ҳамчунон таҳти ҳимояти Амрико ва Аврупо қарор гирифтанд.