Пушти пардаи хабарсозиҳои дурӯғини “талоши Эрон барои террори мухолифин” чӣ гуруҳҳое қарор доранд?
(last modified 2024-09-15T09:04:38+00:00 )
Сентябр 15, 2024 14:04 Asia/Dushanbe
  • Пушти пардаи хабарсозиҳои дурӯғини “талоши Эрон барои террори мухолифин” чӣ гуруҳҳое қарор доранд?

Порс тудей - Намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, ба суолот перомуни иттиҳомот алайҳи Эрон мабнӣ бар барномарезӣ барои террори мухолифин дар хориҷ аз кишвар посух дод.

Вазорати додгустарии Амрико эълом кард: Осиф Ризо Мирчант, шаҳрванди покистонӣ ба далели талош барои анҷоми як амали террористии фаротар аз марзҳои миллӣ ва қатл дар баробари дарёфти пул ба унвони бахше аз тарҳе барои террори як сиёсатмадор ё мақоми давлатӣ дар хоки Амрико муттаҳам шуд.

Меррик Гарланд, додситони кулли Амрико бо ишорае бидуни санад ва бо зикри берабти номи Эрон дар ин замина иддао кард: Вазорати додгустарии Амрико, талошҳои Эрон барои ҳадаф қарор додани мақомоти давлатии Амрико ва ба хатар андохтани амнияти миллиро таҳаммул нахоҳад кард.

Ба гузориши Порс тудей, намояндагии Эрон низ дар Созмони милал дар иттилоияе эълом кард, ин хабарсозиҳо сохта ва пардохтаи режими саҳюнистӣ, гуруҳи террористии мунофиқини мустақар дар Албания ва бархе сервисҳои иттилоотии ғарбӣ, аз ҷумла Амрико аст то ҷиноёти режими саҳюнистиро таҳти шуъоъ қарор диҳанд.

Намояндагии Эрон дар Созмони милал таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ ҳадаф ва барномае барои амалиёти террор ё рабоиш дар Ғарб ё ҳар кишвари дигаре надорад.

 

Барчасп