Июн 30, 2017 18:35 Asia/Dushanbe
  • Зариф паёми Рӯҳониро ба Фаронса расонд

Вазири умури хориҷии Эрон имрӯз, пас аз дидор бо раисҷумҳури Фаронса ин дидорро бисёр хуб тавсиф карда гуфт, паёми раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро ба Эммануэл Макрон расонидааст.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Муҳаммадҷаводи Зариф асри ҷумъа, пас аз дидор бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар Кохи Елисей гуфт, раисҷумҳури Фаронса дар ин дидор ба густариши равобити ду кишвар ва ҳамчунин тааҳҳуди Париж ба иҷрои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак, БАРҶОМ таъкид кардааст. Вазири умури хориҷии Эрон афзуд, ду тараф дар ин дидор дар хусуси масоили минтақаӣ ва тарҳҳои ҳукумати ҷадиди Фаронса барои ҳалли буҳрони Сурия низ музокироти муфиде анҷом доданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф аз рӯзи душанбе сафари худро ба Аврупо барои дидорҳои дуҷониба ва ширкат дар нишасти солонаи Шӯрои равобити хориҷии Аврупо (ECFR) аз кишвари Олмон оғоз кард. Вазири умури хориҷии Эрон дар Олмон бо теъдоде аз мақомоти ин кишвар, аз ҷумла вузарои умури хориҷӣ ва иқтисод, ҳамчунин раисҷумҳури ин кишвар музокира кард. Зариф пеш аз сафар ба Фаронса низ ба Рим, пойтахти Италия рафта, бо мақомоти ин кишвар гуфтугӯ карда буд.

 

Барчасп