Август 09, 2016 19:40 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Имон рамзи ҳифзи низоми исломӣ муқобили истикбори ҷаҳонӣ буд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Нокомии истикбори ҷаҳонӣ дар муқобили низоми исломӣ бо вуҷуди анбуҳи тавтеаҳо ва шигирдҳои гуногуне, ки онон аз рӯзи аввал зидди инқилоби исломӣ ба кор гирифтанд, ҷуз бо пуштвонаи имон мумкин набуд.

Ҳазрати Оятуллоҳ аъзамии Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз дар дидори вазир, муовинон ва мудирони Вазорати иттилооти Эрон ҳар иқдоме дар масири заиф кардани имони мардум ва масъулонро хиёнат хонданд ва гуфтанд: Он нерӯи дифоӣ, ки Эронро дар ҳамаи ин солҳо ҳифз карда, нерӯи имон аст ва агар ин силоҳи қавӣ ва коромад заиф шавад, офоти фаровоне бадунбол хоҳад дошт.

Эшон афзуданд: Эҷоди хатти фосил бо садри ҷарёни истикбор яъне Амрико аз муҳимтарин мабонии қатъии имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори ҷумҳурии исломии Эрон аст ва ин масъала ҷои ҳечгуна саҳлингорӣ надорад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин Вазорати иттилооти Эронро сангаре бисёр муҳим ва ҳассос ва чашми бино ва бедори низоми исломӣ тавсиф ва тасреҳ карданд: Вазорати иттилоот, пустаи сахти низоми ҷумҳурии исломӣ аст ва ба ҳеч ваҷҳ набояд осебпазир шавад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар тақвияти ҷанбаҳои маънавӣ ва имонӣ дар Вазорати иттилооти Эрон тасреҳ карданд: Ин вазоратхона дар бархурдорӣ аз нерӯҳо ва ҷавонони муъмин ва инқилобӣ зарфияте ғанӣ дорад ва насли ҷадиди Вазорати иттилооти Эрон ҳам бояд ҳамчун гузашта, арзишӣ ва инқилобӣ рушд ва иртиқо ёбад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тасреҳ карданд: Дар ҳар бахше, ки метавонад пойгоҳе барои камини душман ва зарба задан ба низоми исломӣ қарор бигирад, Вазорати иттилоот бояд ҳузур дошта бошад ва он бахшро ҳавзаи кории худ бидонад.

Барчасп