Кушоиши Бозори филми исломӣ дар Машҳад+ Акс
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i19394
Ҳафтумин Бозори филми исломӣ асри шанбе бо ҳузури 137 муассиса ва шабакаи телевизионӣ аз кишварҳои исломӣ дар шаҳр Машҳад кушоиш ёфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 02, 2017 09:52 Asia/Dushanbe
  • Кушоиши Бозори филми исломӣ дар Машҳад+ Акс

Ҳафтумин Бозори филми исломӣ асри шанбе бо ҳузури 137 муассиса ва шабакаи телевизионӣ аз кишварҳои исломӣ дар шаҳр Машҳад кушоиш ёфт.

   Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, дар ин бозор 137 муассиса ва шабакаи телевизионӣ аз 20 кишвар ба унвони ғурфадор, 30 шабакаи телевизионӣ ба унвони харидор ва 400 нафар аз мудирон ва дастандаркорони шабакаҳо ва муассисаҳои узви Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ ширкат доранд.

  Абдуллоҳ Қасир- раиси Шӯрои олии Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ, рӯзи шанбе дар маросими кушоиши ҳафтумин Бозори филми исломӣ дар Машҳад, истодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари террористҳоро мӯҷиби нороҳатии Амрико ва муздуронаш донист ва гуфт, Вашингтон ва муттаҳидонаш наметавонанд иқтидори Эронро дарҳам бишикананд.

   Қасир ҳамчунин бо баёни ин ки мардуми Фаластин ҳеҷгоҳ аз истодагӣ ва муқовамат ноумед нахоҳанд шуд, афзуд, муқовамати мусулмонон дар баробари террористҳо ва душманони Ислом аз Теҳрон ба Фаластин ва аз он ҷо ба Лубнон, Яман ва Сурия расидааст.

  Бозори филми исломӣ аз дуввум то панҷуми июл пазирои меҳмонони вижа, донишҷӯён ва алоқамандон хоҳад буд.

   Барпоии Бозори филми исломӣ ва намоишгоҳи таҷҳизоти радиоӣ ва телевизионӣ аз барномаҳои ҷонибии нӯҳумин иҷлоси Иттиҳодия радио ва телевизионҳои исломӣ дар шаҳр Машҳад аст.

   Ин иҷлос ба муносибати интихоби Машҳад ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2017,  дар ин шаҳр баргузор мешавад.

   Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии вобаста ба Созмони ҳамкории исломӣ (ИСЕСКО), бо узвияти 57 кишвар исломӣ, калоншҳари мазҳабии Машҳадро барои соли 2017, ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар Осиё интихоб кард.

 Нӯҳумин Иҷлоси радио ва телевизионҳои исломӣ низ имрӯз (якшанбе) ба сурати расмӣ, бо ҳузури 600 меҳмон аз радио ва телевизионҳои ҷаҳони Ислом дар шаҳри Машҳад кори худро оғоз мекунад.