Шамхонӣ: Тавони мушакии Эрон дар чорчуби боздорандагӣ аст
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт: Тавони бумии мушакии Эрон мутобиқ бо ниёзи худ барои эҷоди қудрати боздорандагӣ буда ва дар арсаи афзоиши диққат, бурд ва қудрат дар ҳоли тавсеа аст.
Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар ҳошияи баргузории нуҳумин нишасти Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ дар Машҳад, тавони мушакиро яке аз пояҳои қудрати ҷумҳурии исломии Эрон баршумурд.
Шамхонӣ ҳамчунин дар бораи озодсозии шаҳри Мусили Ироқ гуфт: Мардуми Ироқ собит карданд, амният хариданӣ нест ва ба ҷои эътимод ба қудратҳои хориҷӣ бо иттико ба худ ва басиҷи мардуми шаклгирифта бар асоси фатвои марҷаият ба ин пирӯзӣ даст ёфтанд.
Дабири Шӯрои олии амнияти милли Эрон тасреҳ кард: Имрӯз Ироқ ба баракати басиҷи мардумӣ дорои созмони дифоии собит ва мустаҳкам дар баробари таҳдидҳои ҳол ва оянда аст.
Нерӯҳои ироқӣ бомдоди панҷшанбеи гузашта ба масҷиди Алнурӣ дар ғарби Мусил расиданд ва ба гуфтаи Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ, ин муваффақият ба манзалаи поёни кори ДИИШ дар мусил аст.
Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ июни 2014 дар масҷиди Алнурӣ эъломи хилофат карда буд.