Июл 04, 2017 21:09 Asia/Dushanbe
  • Поёни нуҳумин иҷлоси Маҷмаи умумии Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ

Нуҳумин иҷлоси Маҷмаи умумии Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ асри рӯзи сешанбе дар Машҳад ба кори худ поён дод.

Ҳуҷҷат-ул-Ислом Алӣ Каримиён, дабири кулли Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ дар ин маросим гуфт, 12 сол пеш расонаҳои ҷаҳони Ислом маҳкум ба сукут буданд ва табодули иттилоот дар фазои расона яктарафа буд, вале ҳамакнун расонаҳои исломӣ дигар шунаванда нестанд, балки гӯяндаанд ва дигарон низ онҳоро мешунаванд. Каримиён ба барпо шудани ҳафтумин бозори филми исломӣ ҳамзамон бо ин иҷлос дар Машҳад низ ишора карда гуфт, ин бозори филм бо шиори “Тавлиди пок, расонаи пок ва насли пок” ҳафт сол пеш кори худро оғоз кард ва имрӯз ба зарфиятҳои арзишманде расидааст.  Ӯ афзуд, касоне, ки дар дунё нигаронии амнияти ахлоқи хонаводаҳои худро доранд, ба роҳатӣ метавонанд маҳсулоти расонаии мавриди ниёзашонро дар шабакаҳои исломӣ пайдо кунанд.

Ҳуҷҷат-ул-Ислом Сайид Иброҳим Раисӣ, мутаваллии  Остони Қудси Разавӣ низ дар маросими хатми иҷлоси Иттиҳодияи радио ва телевизион‍ҳои исломӣ гуфт, имрӯз садои ҳақхоҳӣ ва адолатхоҳӣ аз расонаҳои ҷаҳони Ислом дар дунё баланд аст. Ӯ аз расонаҳои исломӣ хост, зебоии истиқлол ва зиштии хорӣ ва вобастагиро мунъакис кунанд.

Абдулалии Алӣ Аскарӣ, раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ин маросим ташкил кумитаи муштарак дар иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломиро барои ироаи кори муштарак ва таъсиргузору тавлиди маҳсулоти расонаии пок зарурӣ донист.

Таҷлил аз ҷонбозон ва хонаводаи шуҳадои расонаҳои ҷаҳони Ислом ҳам аз барномаҳои маросими поёнии нуҳумин иҷлоси Маҷмаи умумии Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ буд. Ин иҷлос бо ҳузури 600 меҳмони дохилию хориҷӣ ва 230 шабака аз 36 кишвар дар чорчӯби рӯйдоди Машҳад - пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом аз 2-юм то 4-уми июл дар Машҳад баргузор шуд.

Ҳафтумин бозори байналмилалии филми исломӣ низ дар ҳошияи ин иҷлос барпо шуд, ки ба гуфтаи Муҳаммадалии Анӯша, мудири ин бозор 103 ширкати филмсозию муассисаи тавлиди маҳсулоти телевизионӣ аз 20 кишвари ҷаҳон дар он ҳузур доштанд.