Июл 06, 2017 14:06 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи раҳбарӣ: Силии мушакӣ ба душман, ибодати Рамазонӣ

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қуво, ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба мавозеи террористҳои ДИИШ дар Сурияро олӣ тавсиф карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори ҷамъе аз фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки сооте пас аз ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон ба мавозеи саркардагони ДИИШ дар Сурия анҷом шуд, таъкид карданд “Коратон хеле олӣ буд”. Фармондеҳи муаззами кулли қуво бо қадрдонӣ аз амалкарди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар арсаи мушакӣ тасреҳ карданд: “Ҳарчи метавонед рӯи мушак кор кунед, бубинед, душман чи қадар рӯи мушак ҳассос аст, пас бидонед, ки чиқадар коратон муҳим аст”. Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: “Ҳамагӣ метавонед ва то метавонед ва имкон доред, кор кунед, душман бояд силӣ бихурад”.

Мтани баёноти раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъе аз фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки дар моҳи мубораки Рамазон анҷом шуда буд, рӯзи чаҳоршанбе мунташир шудааст. Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба мавозеи ДИИШ дар Сурияро ба сабаби тақорун бо ин моҳ, ибодати моҳи мубораки Рамазон тавсиф карданд .

Аносури террорист дар давоздаҳумин рӯзи моҳи мубораки Рамазон дар ду иқдоми террористӣ дар Теҳрон, 18 шаҳрванди эрониро шаҳид карданд. Пас аз ҳамалоти террористии авомили ДИИШ дар Теҳрон, посухи қотеъ ва ҳадафманд ба террористҳо ва ҳомиёни онон мавриди интизори хонаводаи қурбониён ва илова бар ин, зарурате низомӣ буд. Давоздаҳ рӯз кофӣ буд, ки пас аз ҳамалоти террористии ДИИШ дар Теҳрон, мавозеи саркардагони ин гурӯҳи террористӣ дар Дерулзур, шарқи Сурия, ҳадафи чанд фарванд мушаки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирад.

Душманон бо пирӯзии инқилоби исломӣ, равишҳои мухталиферо озмудаанд, то ба ҳадафи аслии худ яъне тағйири низоми ҷумҳурии исломии Эрон бирасанд, аммо ҳар боре силии маҳкаме хурданд. Посухи мушакии Эрон ба ҳамалоти террористии Теҳрон ҳам силии дигаре дар чиҳил солагии инқилоби исломӣ ба душманон ва авомили террористи онон буд. Нахустин ҳамлаи мушакии фаромарзии Эрон посухе маънодор ба душманон буд, ки ба таъбири раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бидонанд, ҷумҳурии исломӣ мустаҳкам ва бо иқтидори комил истодааст ва душманон наметавонанд ба миллати Эрон силӣ бизананд, балки миллат ба онон силӣ хоҳад зад .

Тавони мушакӣ, қудрати боздорандагии фаъоли ҷумҳурии исломии Эронро дучандон карда ва вазъияти амниятиро ба марҳалаи итминон‌‌бахш расондааст. Муаллифаи низомӣ, муаллафае муҳим дар қудратсозӣ ва рушди он маҳсуб мешавад ва ҳассосияти кишварҳои зӯргу ва мутахосим аз ҷумла Амрико дар қиболи тавони рӯзафзуни мушакии Эрон, дар ҳамин чорчуб қобили арзёбӣ аст. Таҳдид муаррифӣ кардани қудрати мушакии Эрон ва талош барои тазъифи он нишон аз рӯйкарди хасмонаи Амрико дар баробари ҷумҳурии исломии Эрон дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин рӯйкард, тақвияти тавони мушакӣ ба вижа дар диққат ва бурди он ҳаққи табиии Эрон аст. Ончи ба санъати мушакии Эрон машруият медиҳад, зарурати дифоъ аз манофеи мардум ва низоми ҷумҳурии исломии Эрон дар баробари таҳдидҳои амниятӣ ва низомии низоми султа аст .

 

Барчасп