Июл 06, 2017 16:08 Asia/Dushanbe
  • Суъуди тими футболи Эрон ба раддаи 23-уми ҷаҳон

Тими футболи Эрон бо ҳафт зина суъуд, дар раддаи 23-уми раддабандии Федератсияи ҷаҳонии футбол (FIFA) дар моҳи июли 2017 қарор гирифт.

Ба гузориши ИСНА,Федератсияи ҷаҳонии футбол (FIFA), радабандии моҳи июли 2017-ро эълом кард, ки бар асоси он, тими Эрон бо ҳафт зина суъуд нисбат ба моҳи июн ва бо касби 893 имтиёз дар раддаи 23-уми ҷаҳон ва тими нахусти қораи Осиё қарор гирифт.

Дар ин радабандӣ тими футболи Олмон ба раддаи нахусти ҷаҳонӣ суъуд кард.

Баъд аз тими Олмон тимҳои Бразиля, Аргентина ва Португаля дар раддаи дуввуум то чаҳоруми ҷаҳон қарор гирифтанд.

Дар раддабандии осиёӣ низ баъд аз тими Эрон, тимҳои Австраля, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар раддаҳои дуввум то чаҳорум қарор гирифтанд.

 

 ва

Барчасп