Июл 07, 2017 15:54 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Ҳуқуқи башари ғарбӣ дурӯғе беш нест

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳуқуқи башари ғарбиро дурӯғе беш надонист ва таъкид кард, маҷомеи ҳуқуқи башар дар баробари ҷиноёти Оли Сауд ва Оли Халифа сукут ихтиёр кардаанд.

Ҳуҷҷат-ул-Ислом ва ал-муслимин Козим Сидиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон ба ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Амрико аз Арабистон ва Баҳрайн ишора карда гуфт, режими Саудӣ ва Оли Халифа бо чароғи сабзи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мардуми Арабистон, Яман ва Баҳрайнро саркӯб мекунанд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, вазъияти мардуми мусалмони Баҳрайн Яман ва мардуми шарқи Арабистон дар сояи сукути маҷомеи байналмилалии ҳуқуқ башарӣасафбор аст. Ҳуҷҷат-ул-Ислом ва ал-муслимин Сидиқӣ ба идомаи боздошти Шайх Иброҳим Закзокӣ, раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия ба дасти давлати ин кишвар низ ишора карда, аз мақомоти Нигерия хост, далели ин боздоштро тавзеҳ диҳанд. Ӯ ҳамчунин бо ишора ба хости раҳбари Инқилоби Исломӣ аз қувваи қазоияи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз масъулони ин қувва хост, ҷиноёт алайҳи мусалмонон дар саросари ҷаҳонро пайгирӣ кунад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ душанбеи ҳафтаи гузашта дар дидори раис ва масъулони қувваи қазоия ва раисони кулли додгустариҳои саросари Эрон аз масъулони ин ниҳод хостанд, масоил ва қазияҳои байналамилалии муҳимро пайгирии ҳуқуқӣ кунанд.

 

Барчасп