Август 10, 2016 17:19 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Давлат пайгири пас гирифтани пули‌ миллати Эрон аз Амрико аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, давлат бозпасгирии пулҳои мардуми Эронро, ки дар Амрико масдуд шудааст, бо ҷиддият пайгирӣ мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Руҳонӣ – раиси Ҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти муштараки ҳайати давлат ва устондорони саросари Эрон гуфт: Мақомоти қазоии Амрико дар соли 2009 як миллиарду 800 миллион доллар аз пули Бонки марказии Эронро тавқиф карданд ва дар авоили соли 2013 бо раъйи додгоҳ, ин маблағро дар тасарруфи худ дароварданд.

Руҳонӣ бо ишора ба аҳамияти ҳуқуқи мардум дар низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Давлати Эрон бар асоси вазифаи худ дар дифоъ аз ҳақи мардум, барои пас гирифтани пулҳои мусодирашудаи Эрон аз Амрико ба додгоҳи байналмилалии Лоҳа шикоят кардааст, аммо дар ин замина дар солҳои гузашта дар дохили кишвар низ кӯтоҳиҳое сурат гирифта ва дастгоҳи қазоӣ, Шӯрои олии амнияти миллӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор вазифа доранд, ки ин мавзӯъро пайгирӣ кунад.

Гуфтанӣ аст, Девони олии Амрико 20 апрели 2016 таъйид кард, як миллиарду ва 800 миллион доллар аз дороиҳои масдудшудаи Эрон бояд ба хонаводаҳои қурбониёни амрикоӣ пардохт шавад, ки дар бомбагузориҳои соли 1983 дар қароргоҳи туфангдорони амрикоӣ дар Бейрут ва ё дигар ҳамалаҳое, ки Амрико ба Эрон нисбат медиҳад, кушта шудаанд.

Раиси Ҷумҳурии Эрон дар суханони имрӯзи худ, ҳамчунин амният ва суботи кунунӣ дар Эронро беназир донист ва афзуд: Миллати Эрон, муаррифигари исломи муътадил дар баробари касоне аст, ки ба дурӯғ, исломро дини хушунат муаррифӣ мекунанд.

 

Барчасп