Август 10, 2016 19:30 Asia/Dushanbe
  • 17 ва 18 август барпоии ҳамоиши байналмилалии Абдурраҳмони Ҷомӣ

Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Хотамушшуаро Абдурраҳмони Ҷомӣ рӯзҳои 17 ва 18 август дар шаҳристони Турбати Ҷоми Эрон баргузор мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Алии Рустамӣ – фармондори шаҳристони Турбати Ҷом дар устони Хуросони Разавии Эрон, рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ бо эъломи ин хабар афзуд: Илова бар устодон ва пажӯҳишгарони дохилӣ, соҳибназароне аз кишварҳои Туркия, Миср, Афғонистон, Ироқ, Тоҷикистон, Покистон ва Русия низ дар ҳамоиши байналмилалии накӯдошти Абдураҳмони Ҷомӣ ҳузур меёбанд.

Алиризо Қиёмӣ - дабири ин ҳамоиш низ гуфт: Аз маҷмӯи 307 мақолаи расида ба дабирхонаи ҳамоиш, 186 мақола пазириш шуда, ки аз ин миён 60 мақола дар ду рӯзи баргузории ҳамоиш ироа мешавад.

Нуриддин Абдурраҳмон ибни Аҳмади ибни Муҳаммад, маъруф ба Ҷомӣ, мулаққаб ба Хотамушшуаро, шоир, адиб ва суфии номдори форсизабони садаи нуҳуми ҳиҷрӣ аст.