Июл 12, 2017 20:19 Asia/Dushanbe
  • Адои эҳтироми новгурӯҳи русӣ ба мақоми волои шаҳидони Эрон

Кормандон ва фармондеҳони новгурӯҳи русӣ пас аз паҳлу гирифтан дар бандаргоҳи Анзалӣ дар шимоли Эрон бо ҳузур дар мазори шуҳадои гумном ва ёдмони шуҳадои дифои муқаддаси бандари Анзалӣ, ба мақоми волои шаҳидони Эрони исломӣ адои эҳтиром карданд.  

Ба нақл аз Ирно, эҳдои тоҷи гул, навохтани суруди миллии Эрон ва Русия ва адои эҳтироми низомӣ ба шаҳидони воломақом ва ҳамчунин тавзеҳоти дутараф дар бораи аҳаммияту ҷойгоҳи ҷонбохтан дар ҷанг дар Эрон ва Русия аз нукоти боризи ин маросим буд.

Фармондеҳи новгурӯҳи русӣ капитани якум Валерий Смирнов дар ин маросим гуфт: Сохти бинои ёдбуд барои размандагони шаҳид намоёнгари рӯҳи баланди мардуми Эрон ва истиқомат ва ваҳдати мардум ин кишвар дар муқобили ҳаргуна таҳдид аст.

Вай шуҳадои меҳаниро устураҳои мавриди эҳтироми башарият хонд ва гуфт: Ҳар кишваре бояд қадрдони шуҳадо ва қаҳрамонони дифоъ аз сарзаминаш бошад.

Дидор аз Кохи музаи низомӣ, боздид аз минтақаи озоди Анзалӣ ва боздид аз боми сабзи шаҳристони Лоҳиҷон аз дигар барномаҳои тадорук дидашуда барои кормандон ва фармондеҳони новгурӯҳи русӣ аст.

Панҷумин новгурӯҳи сулҳ ва дӯстии Русия муташаккил аз як разм нов аз ягони дарёии Хазари ин кишвар, дар чорчуби маъмурияти чаҳор рӯзаи дӯстона, рӯзи чаҳоршанбе вориди бандаргоҳи Анзалӣ дар шимоли Эрон шуд.

 

Барчасп