Рафтори ношоистаи полиси Амрико бо профессори эронӣ
Профессор Муҳсини Деҳнавӣ, пажӯҳишгар ва пизишки эронӣ, ки аз сӯйи Донишгоҳи Ҳарварди Амрико ба ин кишвар даъват шуда буд, пас аз 30 соат боздошт, аз фурудгоҳи “Логен Бостон”-и Амрико ба Теҳрон бозгардонда шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, профессор Муҳсини Деҳнавӣ, пажӯҳишгар ва пизишки эронӣ, ки пас аз вуруд ба Амрико ба ҳамроҳи ҳамсар ва се фарзанди хурдсоли худ дар фурудгоҳи “Логен Бостон” боздошт шуда буд, пас аз бозгашт ба Теҳрон гуфт, полиси Амрико дар муддати боздошт рафтори бисёр бад бо вай ва хонаводааш дошта ва ҳатто иҷозаи роҳ рафтан ва бозӣ кардани бачаҳо ва харид кардан дар салони фурудгоҳи “Логен Бостон” -ро низ ба онҳо надодааст.
Профессор Деҳнавӣ афзуд, полиси Амрико иҷозаи тамоси телефонӣ бо хонаводааш дар Эронро надода ва васоили мавриди ниёзи таҳқиқот ва ноутбуки шахсии вайро аз дасташ гирифтааст.
Ин пизишки эронӣ гуфт, ба гуфтаи полиси Амрико вуруди вай бо протоколҳои амниятии Амрико ҳамхонӣ надоштааст.
Деҳнавӣ ҳамчунин далели ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ҳарварди Амрикоро интиқоли фанноварӣ ва ҳамкории илмӣ дар заминаи дармони саратон эълом кард ва гуфт, ҳадаф ва мавзӯи сафараш илмӣ ва таҳқиқӣ ва мавзӯи таҳқиқ “саломат ва наҷоти беморони саратонӣ” буд.
Девони олии Амрико июни соли 2017 ҳукм ба иҷро шудани бахшҳое аз фармони Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишвар дод, ки бар асоси он вуруди шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Судон, Сомалӣ, Сурия, Либия ва Яман ба хоки Амрико мамнуъ мешавад.
Дар пайи ин рӯйдод Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи собиқи Амрико аз рафтори суратгирифта бо пизишки эронӣ дар фурудгоҳи кишвараш ибрози таассуф кард.
Сухангӯи бемористони кӯдакони Бостони Амрико ҳам бо ибрози таассуф дар бораи аз даст додани фурсати бакоргирии профессор Деҳнавӣ гуфт: “Амрико- ин сарзамини ба зоҳир рӯъёҳо ва фурсатҳо, мутаваҷҷеҳ шуд, ки то чӣ ҳад гирифтори рӯйкарди зиддимуҳоҷиратии давлатмардони худ ва хисоратҳои ин рӯйкард шудааст”.