Оё ин бозингарро мешиносед? (акс)
Июл 13, 2017 13:33 Asia/Dushanbe
Ороиши аҷиби бозингари нақши Юсуфи паёмбар (а) дар филме, ки ба зуддӣ ба намоиш дархоҳад омад, сюжети расонаҳо шудааст.
Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, Мустафо Замонӣ бозингари нақши ҳазрати Юсуф дар сериали Юсуфи паёмбар (а), дар филме ба номи “Париноз” ба коргардонии Баҳроми Баҳромиён бо ороиши мутафовите зоҳир шудааст.
Филми “Париноз” ҳафт сол қабл сохта шудааст, аммо қарор аст ба зуддӣ ба намоиш дарояд.
Мустафо Замонӣ бо бозӣ дар нақши Юсуфи паёмбар дар сериале ба ҳамин ном ба шӯҳрат расид.
Сериали Юсуфи паёмбар (а) ба коргардонии марҳум Фараҷуллоҳ Салаҳшӯр яке аз пурбинандатарин сериалҳои эронӣ аст, ки токунун дар бисёре аз кишварҳои исломӣ ба намоиш даромадааст.