Июл 17, 2017 11:04 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Эрон дар мусобиқоти байналмилалии “To ki ma” дар Боку

Тими миллии мардон ва бонувони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Мусобиқоти байналмилалии ҳунари размӣ, паҳлавонӣ ва суннатии “To ki ma” дар Боку- пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон ба мақоми қаҳрамонӣ расид.

    Ба гузориши ИРНА, тими миллии мардон ва бонувони риштаи варзишии “To ki ma” –и Эрон ,бо намоиши рақобатҳои шоиста ва касби 10 медал тилло ва 8 нуқра, мақоми аввали ин мусобиқоти байналмилалиро касб кард.

  Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон дар ин мусобиқоти байналмилалӣ ба тартиб дуввум ва сеюм шуданд.

   Ин мусобиқоти байналмилалии як рӯза, бо ҳузури наздик ба сад варзишкори мард ва зан дар рада синҳо мухталиф аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркия, Қирғизистон, Русия ва Гурҷистон дар Боку дар баргузор шуд.

   Тими миллии “To ki ma” Ҷумҳурии Исломи Эрон  муташаккил аз 18 варзишкор, аз ҷумла 12 мард ва 6 бону дар ин мусобиқоти байналмилалӣ ширкат карда буд.

 

Барчасп