Зариф: Амрикоиҳо худашонро масхара накунанд, сиёсати тағйири низом дар Эрон ҷавоб намедиҳад
(last modified Tue, 18 Jul 2017 09:22:01 GMT )
Июл 18, 2017 14:22 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрикоиҳо худашонро масхара накунанд, сиёсати тағйири низом дар Эрон ҷавоб намедиҳад

Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба изҳороти мудохилаҷуёна ва хилофи усул ва муқаррароти байналмилалии ахири мақомоти амрикоӣ мабнӣ бар лузуми тағйири низом дар Эрон тасреҳ кард, худатонро гул назанед, тағйири ҳукумати Эрон имконпазир нест.

Мақомоти амрикоӣ аз ҷумла Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико ахиран эълом карданд, барои онки равобити дуҷонибаи мусбате миёни Эрону Амрико барқарор шавад, лозим аст, то низоми ҳоким дар Эрон тағйир кунад .

Муҳаммадҷаводи Зариф душанбе шаб дар нишасти андешкадаи Шӯрои равобити хориҷии Амрико дар Ню-Йорк бо баёни инки Вашингтон аз гузашта дарс нагирифтааст, хотирнишон кард, тарҳҳои Амрико барои тағйири низом дар Эрон ба далели онки низоми исломии Эрон машруият ва қудрати худро аз миллати Эрон мегирад, ҳамвора маҳкум ба шикаст аст .

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба инки Амрико аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон, сиёсати тағйири низомро дар дастури кори худ доштааст, тасреҳ кард, мардуми Эрон дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурии кишварашон, беш аз 10 соат барои раъй додан дар саф истоданд .

Зариф афзуд, ҳеч кишвари дигаре дар минтақа монанди Эрон аз демократия бархурдор нест .

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин таҳримҳои Амрико алайҳи барномаи сулҳомези ҳастаии Эронро нокоромад донисту гуфт: Вашингтон бояд равияи худ дар қиболи таҳримҳоро тағйир диҳад .

Зариф хотирнишон кард, Амрико ҳангоме, ки таҳримҳои ҳастаиро алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон оғоз кард, Эрон танҳо 200 сентрифуга дошт, аммо пас аз таҳримҳо ва дар замони музокирот ин теъдод ба 20 ҳазор сентрифуга расид.