Июл 18, 2017 16:13 Asia/Dushanbe
  • Тадриси забони форсӣ дар 37 кишвари ҷаҳон

Муовини раиси маркази ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон гуфт, забони форсӣ дар 56 донишгоҳи 37 кишвари ҷаҳон тадрис мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Фараҷуллоҳ Толибӣ рӯзи сешанбе дар ёздаҳумин ҳамоиши устодону донишҷӯёни эронии хориҷ аз Эрон дар Машҳад гуфт, дар солҳои ахир 41 устод барои тадриси забони форсӣ ба донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон эъзом шудааст. Муовини раиси маркази ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати улуми Эрон афзуд, ҳамакнун дар кишварҳое чун Фаронса, Словакия, Полша, Босния ва Ҳерзаговина, Руминия, Олмон, Булғория, Русия, Беларус, Гурҷистон ва бисёре дигар аз кишварҳои осиёию африқоӣ забони форсӣ тадрис мешавад.

Толибӣ бо баёни ин ки Аврупо бештарин масири эъзоми устодон барои тадриси забони форсӣ аст, гуфт, талош шудааст, то забони форсӣ дар кишварҳои мухталиф густариш ёбад. Фараҷуллоҳ Толибӣ ҳамчунин аз баргузории нахустин озмуни забони форсии мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар поизи имсол дар кишварҳои мухталиф хабар дод.

 

Барчасп