Июл 22, 2017 14:13 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи хати тавлиди анбӯҳи мушаки падофанди ҳавоии “Сайёди -3”

Хати тавлиди анбӯҳ ва таҳвилдиҳии мушаки падофанди ҳавоии бурди баланди “Сайёди -3” бо ҳузури вазири дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ шуд.

Хати тавлиди мушаки падофанди ҳавоии бурди баланди “сайёди -3”, ки ба дасти донишмандон ва мутахассисони эронӣ тарроҳӣ ва сохта шудааст, рӯзи шанбе ифтитоҳ ва теъдоде аз он ба қароргоҳи падофанди ҳавоии “Хотам-ул-анбиё”-и артиш таҳвил дода шуд.

Сартип Ҳусайни Деҳқон, вазири дифои Эрон дар ин маросим гуфт, роҳбурди Вазорати дифоъ тақвият ва барӯзрасонии падофанди ҳавоии Эрон дар бурдҳои паст, миёна ва баланд буда ва сомонаи “Сайёди – 3” бо бурди амалиётии ҳудуд 120 километр муқобили таҳдидҳои ҳавоӣ дар бурди миёна ва баланд тарроҳӣ шудааст.

Сартип Деҳқон афзуд, мушаки “Сайёди – 3” бар асоси охирин фанновариҳои рӯзи ҷаҳон тарроҳӣ шуда ва қодир аст бо анвои мухталифи таҳдидоте монанди ҳавопаймоҳои ҷангандаи радаргурез, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, мушакҳои “Куруз”, болгардҳо ва анвои мухталифи парандаҳои модерн дар маҳдудаи амалиётии худ даргир шавад.

Вазири дифои Эрон ҳамчунин гуфт, Вазорати дифои Эрон дар чорчӯби тақвияти буняи дифоӣ ва ҳаракат дар масири иқтисоди муқоваматӣ, бо ҳама тавон гом бархоҳад дошт ва лаҳзае аз иртиқои тавони размии амалиёти нерӯҳои мусаллаҳ ғафлат нахоҳад кард.

 

Барчасп