Қосимӣ: Фаластин ҳамчунон масъалаи аввали ҷаҳони ислом аст
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Истимрори саркуби густарда ва тазйии ҳуқуқи фаластиниён дар дастрасӣ ба амокини муқаддас дар Қудси шариф нишон медиҳад, ки Фаластини мазлум ҳамчунон масъалаи аввали ҷаҳони ислом аст.
Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон, тадовуми саркуби мардуми мазлуми Фаластин дар Қудси ишғолӣ ба баҳонаи мамониат аз вуруди намозгузорони фаластинӣ ба Масҷидулақсоро маҳкум карду гуфт: Афкори умумӣ, расонаҳо, озодандешон, миллатҳо ва давлатҳои ҷаҳон бояд аз миллати мазлуми Фаластин дар муқобила бо таҷовузот ва иқдомоти зиддиинсонии саҳюнистҳои ғосиб ҳимоят кунанд .
Қосимӣ, бо абадӣ хондани тааллуқи Қудси шариф ва Масҷидулақсо ба унвони қиблаи аввали мусулмонон ба ҳамаи мусулмони ҷаҳон ва миллати Фаластин афзуд: Режими саҳюнистӣ ба унвони манбаъ ва маншаи аслии терроризми давлатӣ ва ваҳшатпароканӣ дар минтақа амал мекунад .
Қосимӣ бо интиқод аз сукути бархе кишварҳои минтақа ба унвони муддаиёни исломмадорӣ ва меҳварияти ҷаҳони ислом, аз маҷомеи байналмилалӣ ба вижа Созмони милал хост, бо қотеият дар баробари саркубгарӣ ва сиёсатҳои табъизи нажодӣ ва табъизи мазҳабии режими саҳюнистӣ биистанд .
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ҳамчунин аз ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал ва созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии милали муттаҳид (ЮНЕСКО) хост, то бо амал ба вазоифи худ, ба сиёсатҳои зиддиинсонӣ, зиддифарҳангӣ ва мухолифи қавоиду муқаррароти ҳуқуқи башарии режими саҳюнистӣ поён диҳанд .
Режими саҳюнистӣ аз 14 июли 2017 дар идомаи иқдомоти саркубгароёнаи худ, маҳдудиятҳое зидди фаластиниҳо барои вуруд ба Масҷидулақсо эъмол кардааст .