Июл 23, 2017 20:17 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими гуштии озоди навҷавонони Эрон дар рақобатҳои осиёӣ

Тими гуштии озоди навҷавонони Эрон бо касби ҳашт медали тилло, нуқра ва биринҷӣ қаҳрамони рақобатҳои осиёӣ дар шаҳри Бангкоки Тайланд шуд.

Тими гуштии озоди навҷавонони Эрон дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё дар Бангкок дар вазнҳои 46, 54, 85 ва 100 килограмм соҳиби медали тилло шуд.

Тими гуштии озоди навҷавонони Эрон ҳамчунин дар вазнҳои 58 ва 76 килограмм, соҳиби медали нуқра ва дар вазнҳои 42 ва 69 килограмм соҳиби медали биринҷӣ шуд .

Тими гуштии озоди навҷавонони Эрон бо касби ин ҳашт медал ва бо 79 имтиёз қаҳрамони қорраи Осиё шуд.

Тимҳои гуштии озоди Ҳинду Қазоқистон пас аз Эрон дуввум ва сеюм шуданд .

Пештар гуштии фарангии навҷавонони Эрон дар ин рақобатҳо бо се медали тилло, панҷ медали нуқра ва як медали биринҷӣ ва 87 имтиёз қаҳрамони Осиё шуда буд .

Рақобатҳои гуштии фарангӣ ва озоди қаҳрамонии соли 2017 навҷавонони Осиё аз 20 июли ҷорӣ дар Бангкок, пойтахти Тайланд оғоз шуд ва рӯзи якшанбе ба поён расид .

 

Барчасп