Июл 28, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии намозгузорони намози ҷумъаи Эрон дар маҳкумияти ҷиноёти саҳюнистҳо

Намозгузорони намози ҷумъа дар шаҳрҳои мухталифи Эрон пас аз иқомаи намоз бо баргузории роҳпаймоии эътирозомез ҷиноёти ахир алайҳи мусалмонони Фаластини ишғолӣ ва Миёнморро маҳкум карданд.

Ба гузориши ИРНА, роҳпаймоён пас аз иқомаи намози ҷумъа бо сар додани шиорҳое дар маҳкумияти ҷиноёт алайҳи мусалмонон дар Фаластину Миёнмор ваҳдати мусалмононро дар муқобили истикбори ҷаҳонӣ ба саркардагии Амрико хостор шуданд.

Дар поёни ин тазоҳурот баёнияе дар маҳкумияти ҷиноёти ахири саҳюнистҳо алайҳи мардуми мазлуми Фаластини ишғолӣ, куштори бераҳмонаи намозгузорони Масҷид-ул-ақсо, ҳамчунин куштори мусалмонони бегуноҳу бепаноҳи Миёнмор ба дасти ифротиҳои нажодпараст қироат шуд. Дар ин баёния омадааст, режими саҳюнистӣ аз интифозаи Фаластину муқовимати мардум ҳарос дошта, талош мекунад, бар Масҷид-ул-ақсо ва сипас саросари Фаластин тасаллут пайдо кунад ва дар ин роҳ аз ҳеҷ найрангу ҷинояти даст накашидааст, аммо истикбору мақомоти режими саҳюнистӣ бояд бидонанд, ки интифозаи мардуми Фаластин то пирӯзии ниҳоию нобудии Исроил идома дорад.

 

Барчасп