Июл 30, 2017 09:10 Asia/Dushanbe
  • Оғози Олимпиадаи ҷаҳонии роёна дар Эрон

  29-умин давраи рақобатҳои Олимпиадаи ҷаҳонии роёна (компютер) шомгоҳи шанбе бо паёми Фахруддин Аҳмади Донишоштиёнӣ- Вазири омӯзиш ва парвариши Эрон ба таври расмӣ дар Теҳрон кушоиш ёфт.

  Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон”, Вазири омӯзиш ва парвариши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми худ овардааст, баргузории Олимпиадаи ҷаҳонии компютер дар Теҳрон, фазои шӯру нишот ва табодули фарҳангиро фароҳам кардааст ва самароти ин Олимпиада дар оянда, дар хидмати башарият хоҳад буд.

  29-умин давраи Олимпиадаи ҷаҳонии роёна, соли 2017 бо ҳузури 320 нафар аз донишомӯзони синфҳои дуввум ва сеюми мутавассита аз 84 кишвари ҷаҳон аз рӯзи шанбе ба мизбонии Теҳрон ба муддати як ҳафта шурӯъ ба кор кардааст.

 

Барчасп