Эрон дар ҷамъи 5 кишвари тавлидкунандаи катализатор
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i20804-Эрон_дар_ҷамъи_5_кишвари_тавлидкунандаи_катализатор
Бо ифтитоҳи расмии корхонаи тавлиди катализатор, Эрон ба ҷамъи 5 кишвари тавлидкунандаи катализатор дар ҷаҳон пайваст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 30, 2017 13:19 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар ҷамъи 5 кишвари тавлидкунандаи катализатор

Бо ифтитоҳи расмии корхонаи тавлиди катализатор, Эрон ба ҷамъи 5 кишвари тавлидкунандаи катализатор дар ҷаҳон пайваст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, катализатор қитъаест, ки дар масири хуруҷи дуд аз хуруҷии мошин насб мешавад, то мизони олояндагии мошинро коҳиш диҳад.  

Маҳдии Шарифӣ, мудиромили ширкати тарроҳии муҳандисӣ ва таъмини қатаоти петрошимӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории садо ва симо гуфт: Бо роҳандозии корхонаи ширкат “Уксир навини фароянди Осиё”, аз хуруҷи 500 миллион доллар арз, ки барои хариди катализаторҳои мавриди ниёзи полоишгоҳҳо ва муҷтамаъҳои петрошимӣ буд, ҷилавгирӣ шудааст .

Маҳдии Шарифӣ, зарфияти тавлиди ин корхонаро 2500 тонна дар сол эълом карду афзуд: Ин ширкат ҷузъи 5 ширкати бартари ҷаҳон дар заминаи тавлиди катализатори мавриди ниёзи саноеи полоишӣ ва петрошимӣ аст .