Август 01, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба аҳдофаш дар партоби моҳворабари “Симурғ” расид

Вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон бо ишора ба дурӯғпарокании мақомот ва расонаҳои амрикоӣ перомуни номуваффақ будани партоби моҳворабари “Симурғ” гуфт: Партоби ин моҳворабар муваффақ буда, Эрон ба аҳдофи худ расидааст.

 Моҳворабари эронии “Симурғ” рӯзи панҷшанбеи гузашта (27 июл) аз пойгоҳи миллии фазоии Имом Хумайнӣ (р) дар Теҳрон бо муваффақият ба фазо партоб шуд.

Генерал Ҳусейни Деҳқон-вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон интизор надорад мақомоти амрикоӣ аз муваффақ будани партоби моҳворабари “Симурғ” чизе бигӯянд.

 Моҳворабари эронии “Симурғ” қодир аст моҳвораҳое то вазни 250 килограммро дар мадори 500 километрии замин қарор диҳад.

Мақомот ва расонаҳои амрикоӣ баъд аз партоби моҳворабари эронии “Симурғ” ба фазо иддао карданд, ки партоби мушаки ҳомили моҳвораи Эрон бо нокомӣ ру ба ру шудааст.