Посухи ҳуқуқии Эрон ба бадаҳдиҳои Амрико дар робита ба БАРҶОМ
Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, Теҳрон бадаҳдӣ ва рафтори хасмонаи Вашингтонро дар қиболи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) бо иқдомоти ҳуқуқию амалии мутаносиб посух медиҳад.
Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи сешанбе дар ҳошияи нишасти фавқулоддаи вазирони умури хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Истанбули Туркия дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, Теҳрон иқдомотеро оғоз кардааст, то бо сиёсатҳое, ки Эронро дар баҳрамандӣ аз натоиҷи БАРҶОМ ноком мегузоранд, муқобила кунад. Зариф сиёсатҳои хасмонаи зиддибарҷомии Амрикоро нишондиҳандаи шиддат ёфтани бадаҳдию душмании ин кишвар бо Эрон дониста афзуд, амрикоиҳо аз қудратмандтар шудани Эрон пас аз БАРҶОМ нигарон ҳастанд. Вазири умури хориҷии Эрон таъкид кард, тавофуқи БАРҶОМ бар асоси беэътимодии музокиракунандагон танзим шуда ва ҳеҷ ҷое аз онро намеёбед, ки дар он нишонае аз эътимоди мутақобил бошад, ба ҳамин сабаб дар ин тавофуқ имкони иқдомоте, ки метавонад ба хурӯҷ аз БАРҶОМ мунҷар шавад, бо сароҳат пешбинӣ шудааст.
Амрико дар ҳафтаҳои ахир дар идомаи иқдомоти нақзи барҷомияш чанд бор ниҳодҳо, ширкатҳо ва афроди эрониро бо баҳонаи мухталиф таҳрим кардааст.