Август 02, 2017 14:24 Asia/Dushanbe
  • Барпойии нахустин Маҷмаи ҷаҳонии “Ходимони фарҳанги разавӣ” дар Машҳад

Дар остонаи мелоди Имом Ризо (а), нахустин Маҷмаи ҷаҳонии “Ходимони фарҳанги разавӣ” имрӯз дар Машҳад баргузор шуд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ гуфт, ҳамаи мусалмонон бояд саъй кунанд ақлоният дар фаҳми маорифи исломиро, ки мавриди таъкиди ҳазрати Ризо (а) аст, сарлавҳаи тарвиҷи маорифи разавӣ қарор диҳанд.

 Абӯзар Иброҳими Туркмон бо ишора ба супориши таъкидии дини мубини Ислом бар баҳрагирӣ аз ақлоният дар тафсир ва қироатҳои динӣ афзуд, андешаҳои асосёфта бар ақлоният ҳаёти башарро сомон мебахшад ва ин ки дини Ислом риёзат дар дунёро барои дастёбӣ ба саодат дар охират донистааст, нишон аз баҳра бурдан аз ақлоният дар ҳаёти одамӣ аст.

Намояндаи мардуми Машҳад дар Маҷлиси Шӯрои исломӣ ҳам Исломро ягона тариқи раҳоии башар аз бунбастҳои иҷтимоӣ унвон ва таъкид кард, имрӯз талошҳои бисёре мешавад то Исломи ноби Муҳаммадӣ аз тариқати саҳеҳи худ мунҳариф шавад.

 Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Пажмонифар муҳимтарин хатари асри ҳозир дар пешгоҳи Ислом ва мусалмононро “таҳриф” донист ва афзуд, таҳриф дар шахсиятҳои меҳварии дини Ислом дар дастури кори Ғарб ва фаъолони арсаи динзудоӣ аз зиндагии мусалмонон аст.

 Вай барпойии ин нишастҳоро дар муаррифӣ ва шиносонидани ҳақиқати шахсиятҳои меҳварии дини Ислом арзишманд тавсиф кард ва гуфт, яке аз заминаҳое, ки дар шахсияти Имом Ризо (а) таҳриф мешавад, рафтори ақлмеҳвар ва ваҳдатофарини эшон дар рӯёрӯӣ бо мушкилот буд.