Зариф: Бо Алҷубайр салому алайки маъмулӣ доштам
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i20992-Зариф_Бо_Алҷубайр_салому_алайки_маъмулӣ_доштам
Вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи дидори худ бо Одил Алҷубайр, вазири хориҷаи Арабистон гуфт: Ин дидор як салому алайки маъмулӣ буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 02, 2017 11:26 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Бо Алҷубайр салому алайки маъмулӣ доштам

Вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи дидори худ бо Одил Алҷубайр, вазири хориҷаи Арабистон гуфт: Ин дидор як салому алайки маъмулӣ буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҳошияи охирин ҷаласаи ҳайъати давлати ёздаҳуми Эрон дар ҷамъи хабарнигорон, даст додан ва аҳволпурсӣ бо Одил Алҷубайр, ҳамтои саудии худро амре табиӣ дар ҷаласоти байналмилалӣ тавсиф карду афзуд: Дар ҷаласоти созмонҳои байналмилалӣ ин бархурдҳо табиӣ аст .

Вай афзуд: “Мо ба далоили шаръӣ дар меҳмонии ғизо дар ҷаласоти кишварҳои аврупоӣ ширкат намекунем, аммо дар меҳмонии ғизои кишварҳои исломӣ ширкат дорем, ки дар маросими меҳмонии ноҳор (дар Истанбул) ман ва Одил Алҷубайр, солҳост, ҳамдигарро мешиносем, салому алайк дорем, аҳволпурсӣ кардем”.

Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Агарчи ҷумҳурии исломии Эрон бо бисёре аз сиёсатҳои давлати Арабистон мухолифат дорад, аммо сиёсати Теҳрон ҳамвора доштани робитаи хуб бо ҳамсоягон аст ва Эрон ҳечгоҳ ба дунболи қатъи робита бо кишварҳои ҳамсоя набудааст .

Зариф, ки пас аз баргузории охирин ҷаласаи ҳайъати давлати ёздаҳум бо хабарнигорон сухан мегуфт, поён додан ба эронҳаросӣ ва таблиғоти алайҳи ҷумҳурии исломии Эронро шохистарин амалкарди Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ҳавзаи сиёсати хориҷии давлати ёздаҳум баршумурд .