Август 03, 2017 20:29 Asia/Dushanbe
  • Дар Солрӯзи мелоди “Олими Оли Муҳаммад (с)” Машҳад ғарқи нуру сурур аст

Ҳамзамон бо Солрӯзи мелоди ҳазрати Имом Ризо (а), набераи гиромии Расули мукаррами Ислом (с), шаҳри Машҳад ва боргоҳи мунаввари разавӣ ғарқ дар нуру шодӣ аст.

Ҷумъа, 11-уми зилқаъдаи соли 1438-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо чаҳоруми августи соли 2017-и мелодӣ зодрӯзи ҳазрати Абулҳасан Алӣ ибни Мӯсо Ризо (а) аст.

Имом Алӣ ибни Мӯсо Ризо (а) соли 148-и ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина мутаваллид шудаанд.

Эшон, ки ба сабаби дониши густурда ва тасаллут бар улуми мухталиф ба “Олими Оли Муҳаммад (с)” шӯҳрат доштанд, ҳама зиндагии худро вақфи ҳидояти уммати Ислом карданд.

Он ҳазрат дар охирин солҳои ҳаёташон ба иҷбори Маъмуни Аббосӣ, халифаи вақт ба Хуросон даъват шуданд ва бо дасисаи вай дар шаҳри Тӯс ба шаҳодат расиданд.

Баъдҳо шаҳри Тӯс, ки маҳалли шаҳодати ҳазрати Имом Ризо (а) буд, ба номи Машҳад-ур-Ризо шӯҳрат ёфт.

Ба муносибати фаро расидани Солрӯзи мелоди ҳазрати Ризо (а) шомгоҳи панҷшанбе маросими бошукӯҳи гулборони ҳарами разавӣ бо ҳузури ходимон ва зоирон баргузор шуд.

 Дӯстдорони аҳли байт (а) на танҳо аз саросари Эрон, балки аз дигар кишварҳо низ барои зиёрати боргоҳи нуронии фарзанди паёмбари гиромии Ислом (с) ба Машҳад-ур-Рирзо мушарраф шудаанд.

Пешбинӣ шудааст, ҳудуди ду миллион зоир, аз ҷумла чаҳор зоири пиёда, ба муносибати валодати Имом Ризо (а) дар Машҳади муқаддас ҳузур ёбанд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани Солрӯзи мелоди хуҷастаи ҳазрати Ризо (а)-ро, ки ҳарами нурониаш паноҳгоҳи дилҳои шефта аст, ба ҳамаи мусалмонон ва озодагони ҷаҳон табрик ва шодбош мегӯяд.