Оятуллоҳ Кошонӣ Ҷумҳурии исломии Эронро "Ҷазираи амн дар ҷаҳони Ислом" донист
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i2110-Оятуллоҳ_Кошонӣ_Ҷумҳурии_исломии_Эронро_Ҷазираи_амн_дар_ҷаҳони_Ислом_донист
Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ёдоварии ноамниҳои ахир дар кишварҳои минтақа афзуд: "Давлатмардони кишварҳои исломӣ бояд бо тавваҷуҳ ба ояндаи ҳудуди 2 миллиард мусулмон, шароити мусоидеро барои зиндагии онҳо фароҳам кунанд".
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 12, 2016 17:32 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Кошонӣ Ҷумҳурии исломии Эронро

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ёдоварии ноамниҳои ахир дар кишварҳои минтақа афзуд: "Давлатмардони кишварҳои исломӣ бояд бо тавваҷуҳ ба ояндаи ҳудуди 2 миллиард мусулмон, шароити мусоидеро барои зиндагии онҳо фароҳам кунанд".

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ бо баёни ин ки ҷаҳони Ислом тавони истодагӣ дар баробари кишварҳои истикбориро дорад, таъкид кард: "Бегонагон набояд бар кишварҳои исломӣ мусаллат шаванд, кишварҳои исломӣ бояд қавӣ бошанд ва иҷозаи дахолати кишварҳои истикборӣ дар умури дохилиашонро надиҳанд".

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба тавтеаҳои режими Оли Сауд зидди мусулмонон афзуд: "Кинаву нифоқи Оли Сауд дар солҳои ахир бар ҳамагон ошкор шудааст, ҳамчунон ки гурӯҳҳои террористии такфирӣ ва диишӣ бо долларҳои Арабистон дар Яман, Сурия, Ироқ, Баҳрайн ва Фаластин ҷиноят мекунанд".

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ тасреҳ кард, Оли Сауд, ки иддаои ходимии Ҳарамайни Шарифайнро дорад, бо ҷиноёти худ дар Яман ва дахолатҳо дар соири кишварҳои минтақа танҳо дар ростои манофеи душманон ҳаракат мекунад.