Сафари вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ба Эрон
Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки имрӯз ба Эрон сафар кардааст, дар ибтидои сафари худ вориди шаҳри Машҳад (шарқи Эрон) шуд ва дар дидор бо устондори Хуросони Разавӣ дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз равобити умумии устондори Хуросони Разавӣ, Алиризо Рашидиён дар ин дидор бо ишора ба ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар сохти нерӯгоҳ ва сад дар Тоҷикистон гуфт, заминаҳои хубе барои ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталифе ҳамчун энержӣ, саноат ва тиҷорат вуҷуд дорад ва бояд роҳкорҳои тавсеаи муносибот баррасӣ шавад.
Устондори Хуросони Разавӣ баргузории комиссияи муштараки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Машҳад, ба манзури рафъи мушкилот дар мавзӯоти иқтисодӣ ва тавсеаи муносиботи ду кишварро хостор шуд.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон низ гуфт: “Ҳамкорӣ бо Эрон, ба вижа дар ҳавзаи энержӣ ва саноату обу барқ барои мо бисёр арзишманд аст ва дар ин миён тарҳҳои зиёде барои тавсеа матраҳ аст ва ширкатҳои эронӣ ҳам дар ин замина тавонмандиҳои хубе доранд”.
Раиси Камиссияи муштараки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба мавқеияти матлуби Тоҷикистон аз лиҳози захоири обӣ ва имтиёзҳои тавсеаи энержии барқӣ- обӣ дар Осиёи Марказӣ афзуд: “Дар оянда метавонем шабакаи барқи худро ба шабакаи барқи Эрон муттасил кунем”.
Усмонзода бо баёни ин ки “ҳадафи мо афзоиши зарфиятҳои тавлиди энержӣ аст” афзуд: “Ҳамакнун 5500 мегават барқ тавлид мекунем, ки 120 мегавати он дар нерӯгоҳи Сангтӯда -2, ки бо ҳамкории эрониҳо сохта шудааст, тавлид мешавад.
Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон ба ин кишвар сафар кардааст.