Август 05, 2017 18:38 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди раиси Маҷлиси Лубнон аз миллати Эрон

Раиси Маҷлиси Лубнон, ки ба манзури ширкат дар маросими таҳлиф (савганд ёд)-и Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Теҳрон сафар кардааст, гуфт, бо иззат ва ифтихор даъват ба ширкат дар ин маросимро пазируфтааст.

  Набиҳ Берри, раиси Маҷлиси Лубнон афзуд, ман дар Эрон ҳастам то илова бар ширкат дар маросими таҳлифи Рӯҳонӣ, ихтироот ва дастовардҳои илмӣ ва навини наслҳои ҷадиди Эрон, пойдории миллати Эрон дар баробари анвои таҳримҳо ва ҳимояташон аз кишварҳои минтақа зидди тарҳи Ховари Миёнаи бузургро, ки ҳадаф аз он таҷзия минтақа аст, табрик бигӯям.

 Вай ҳамчунин аз мавзеи Эрон дар ҳимояти ҳамешагӣ аз истодагӣ ва муқовимати миллати Фаластин қадрдонӣ кард.

 

Барчасп