Истиқболи Эрон аз ҳамкорӣ бо КАСА-1000
Вазири нерӯи Эрон дар дидор бо вазири энержӣ ва захоири оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкории Эрон бо тарҳи интиқоли барқи КАСА-1000 истиқбол кард.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Ҳамиди Читчиён рӯзи шанбе дар дидор бо Усмоналӣ Усмонзода ибрози умедворӣ кард, нишасти комиссияи муштараки энержии Эрону Тоҷикистон ба зудӣ баргузор мешавад. Читчиён афзуд, Вазорати нерӯи Эрон ба унвони раиси комиссияи энержӣ ҳамеша пайгир будааст, ки заминаҳои иқтисодию фаннӣ фароҳам шавад, то Эрону Тоҷикистон битавонанд ҳамкориҳои иқтисодиро тавсеа диҳанд. Вазири нерӯи Эрон ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, хостаҳои Эрон дар мавриди нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ҳарчи зудтар пардохт шавад, то Вазорати нерӯи Эрон низ битавонад доманаи ҳамкориҳои худро густариш диҳад. Читчиён аз эҳтимоли ҳамкории Эрон бо лоиҳаи КАСА-1000 низ хабар дода гуфт, бо итмоми ин лоиҳа ин имкон вуҷуд дорад, ки Эрон бо ин хат ҳамкорӣ кунад ва дар оянда шояд бахше аз барқи тавлидии “Сангтӯда-2” аз тариқи ин хат ба Эрон мунтақил шавад.
Вазири энержӣ ва захоири оби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфт, бо намояндагӣ аз раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими қасамёдкунии раисҷумҳур дар Эрон ҳузур ёфтааст. Ӯ афзуд, Тоҷикистон омодагӣ дорад, то дар моҳҳои оянда нишасти комиссияи муштараки байни ду кишварро дар Душанбе баргузор кунад. Усмонзода ҳамчунин гуфт, дар боздид аз намоишгоҳи байналмилалии барқ ширкатҳои эрониро бисёр тавонманд дидаанд ва тамоил доранд, ин ширкатҳо дар тендерҳо дар Тоҷикистон ҳузур дошта бошанд.